Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Ҳосилот” бо “Шоҳин Осмоӣ”-ро эрониҳо доварӣ мекунанд


Бозии ҷавобии марҳилаи интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 миёни дастаҳои “Ҳосилот” – барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон ва “Шоҳин Осмоӣ” – қаҳрамони Афғонистонро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд.

Довари ФИФА Моуд Бунёдифарди 31-сола, ки аз соли 2013 довари дараҷаи байналмилалӣ мебошад, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Саид Алинажодиёни 40-сола ва Алӣ Мирзобейгии 36-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Ҳайдари Паёми 29-сола вогузор шудааст. Аҳмад Яъқуб Муҳамаммад Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Жаргал Суҳбаатар аз Муғулистон комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии ҷавобии марҳилаи пешакии Ҷоми АFC-2017 миёни дастаҳои «Ҳосилот» ва «Шоҳин Осмоӣ» 7-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шуруъ мешавад. Бозии аввал байни ин дастаҳо 31-уми январ баргузор мешавад. Вале макони баргузории ин бозӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст.

Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ба даври интихобии Ҷоми AFC-2017 омодагӣ мебинад.

​Агар дастаи «Ҳосилот» бар қаҳрамони Афғонистон пирӯз шавад, дар даври плей-офф бо ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон – «Балкан»-и Туркманистон рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал 21-уми феврал, бозии ҷавобӣ 28-уми феврал барпо мегарданд.

Ғолиби даври плей-офф дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2017 дар гурӯҳи «D» ба се бошгоҳи Осиёи Марказӣ – «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон), ки ҳамчун қаҳрамонони кишварҳои худ мустақиман ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфтаанд, ҳамроҳ мешавад.

Ҷоми AFC-2017
Гурӯҳи "D". Минтақаи марказӣ

Даври 1-ум
14 март (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2-юм
4 апрел (сешанбе)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 3-юм
18 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Олтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4-ум
3 май (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5-ум
17 май (чоршанбе)
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум
31 май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

XS
SM
MD
LG