Пайвандҳои дастрасӣ

Атомуҳаммад, Ашрафғанӣ ва Абдуллоҳ. Кӣ бо кист?


Атомуҳаммад Нур

Атомуҳаммад Нур

Бо гузашти ду ҳафта аз замони музокироти Атомуҳаммад Нур – сарпарасти вилояти Балх – ва Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳанӯз баҳсҳо дар ин замина доғанд ва изҳорот – зиддунақиз. Афроди наздик ба Атомуҳаммад Нур гуфтанд, ки нокомии Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон – сабаб шуд, то ӯ ба намояндагӣ аз Ҳизби ҷамъияти исломӣ вориди музокирот бо раиси ҷумҳур шавад. Сарапарасти вилояти Балх яке аз ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи ду соли пеши президентӣ буд.

Бо гузашти се сол аз созиш, тавре ба назар мерасад, тақсими қудрат байни Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ то ҳол такмил нашудааст.

Наздикони сарпарасти вилояти Балх гуфтанд, дар ҷараёни музокироти аввалия миёни раиси ҷумҳур ва Атомуҳаммад Нур бархе тавофуқот сурат гирифтааст. Фарҳод Азимӣ, узви Вулуси Ҷиргаи Афғонистон, гуфт, вале пешшарте дар бораи канор рафтани ӯ аз раёсати вилоят вуҷуд надорад. Азимь рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте натиҷаҳои ниҳоии музокирот ба даст ояд, дар он сурат масъалаи канорагирии Атомуҳаммад Нур низ маълум хоҳад шуд. Аммо вай сад дар сад дар таъини волии нави Балх нақш хоҳад дошт."

Фарҳод Азимӣ

Фарҳод Азимӣ

Атомуҳаммад Нур қаблан дар як сӯҳбаташ вазъияти кунунии Афғонистонро шикананда дониста ва гуфта буд, "дар талоши ҳимоят аз ҳукумати марказӣ аст". Вай гуфт, барои эҷоди якдигарфаҳмии сиёсӣ миёни ӯ ва Арг, кохи раёсати ҷумҳури Афғонистон, тарҳе ҳам таҳия шудааст, ки баъд аз мушовара бо сарони Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва тарафҳо ба имзо хоҳад расид. Оқои Нур афзуд, дар сурате, ки Арг ба ваъдааш вафо кунад, ӯ омодааст, ки аз мақоми сарпарасти вилояти Балх канор равад.

Дар ин бора мақомоти расмӣ изҳори назар накардаанд. Сухангӯёни раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ то ҳол аз изҳори назар дар мавриди гузоришҳои марбут ба ин музокирот худдорӣ намуданд. Аммо пеш аз ин, ду мушовири раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон гуфта буданд, ки музокироти оқои Нур аз номи як шахс аст, на ба намояндагӣ аз тими ислоҳот ва ҳамгироӣ.

Муҳаммад Ашрафғанӣ

Муҳаммад Ашрафғанӣ

Бархе коршиносони масоили сиёсӣ ба ин боваранд, ки нотавонии Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар амалӣ кардани ваъдаҳо сабаби фосила гирифтани бархе ҳомиёнаш аз ӯ шудааст. Аҳмад Саидӣ, яке аз ин коршиносон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ доктор Абдуллоҳро “як сиёсатмадори бе ҷуръат” хонд.

Вай гуфт, "аз Абдуллоҳ умед бурда мешуд, ки дар ҳукумати муштарак шояд ба нафъи тими худ қадамҳоеро бардорад, вале, мутаассифона, он орзуҳо ба яъс ва ноумедӣ табдил шуданд. Абдулоҳ Абдулоҳ собит кард, ки сиёсатмадори мутмаин ва боҷуръат нест."

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Дар ҳамин ҳол, Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, волии собиқи Бадахшон ва узви Ҳизби ҷамъияти исломӣ, гуфт, ки Атомуҳаммад Нур барои муттаҳидӣ ҳар иқдомашро дар ин замина бояд бо аъзои ҳизб дар ҷараён мегузошт. Адиб рӯзи 1 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Атомуҳаммад музокирот бо раиси ҷумҳурро бо аъзои ҷамъияти исломӣ ҳамоҳанг накардааст.

Аммо бархе аз чеҳраҳои наздик ба раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва сарпарасти вилояти Балх мегӯянд, дар музокирот бо раиси ҷумҳур то кунун Арг бештар баранда будааст. Фазлмуҳаммад Маънавӣ дар сӯҳбати чанд рӯзи қаблаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, заиф сохтани ҷойгоҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз ҳадафҳои Арг дар ин музокирот аст.

Арг, кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

Арг, кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи президентии соли 2014 дар Афғонистон бо касби тақрибан 45 дарсади оро ҷои аввалро гирифт, вале дар даври дувум Муҳаммад Ашрафғанӣ ғолиб омад. Эълони натиҷаҳо ба мавҷи эътирозҳо дар Афғонистон алайҳи тақаллуби натиҷаҳои овоздиҳӣ оғоз гузошт ва дар ниҳоят, ба имзои як созиш дар мавриди тақсими қудрат байни доктор Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ анҷом ёфт. Бар асоси ин созиш, Ашрафғанӣ раёсати ҷумҳурӣ ва доктор Абдуллоҳ раҳбарии ҳукумати ваҳдати миллиро бар ӯҳда гирифтанд.

Аммо бо гузашти се сол аз ин созиш, тавре ба назар мерасад, тақсими қудрат байни Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ то ҳол такмил нашудааст.

XS
SM
MD
LG