Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон қонуни интихоботи президентро ислоҳ мекунанд. ВИДЕО, САДО


Дар Тоҷикистон як гурӯҳи кории иборат аз вакилони порлумон ва идораҳои дигари давлатӣ таъсис ёфтааст, ки то се моҳи оянда шакли нави қонуни интихоботи президент ва Маҷлиси олиро пешниҳод кунанд. Бо ин ҳадаф зери имзои раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ду қарор содир шудааст, ки матни онҳо дастраси Радиои Озодӣ ҳам гардид. Ин қарорҳо яке ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи раиси ҷумҳур ва дигаре ба интихоботи вакилони Маҷлиси олӣ дахл доранд.

Абдуманнон Додозода

Абдуманнон Додозода

Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯи таҷрибаи чанд интихоботе, ки доштем, бояд ба ин қонунҳо тағйирот ворид кунем. Ҳамчунин забони ин қонунҳо низ бояд соддаву равон карда шаванд. Як ҳадафи дигари ворид намудани тағйирот - мутобиқ намудани қонунҳои нав ба қонунҳои дигари амалкунанда дар Тоҷикистон мебошад".

Додозода ҷузъиёти тағйиру иловаҳоро шарҳ надод ва танҳо гуфт, матни ин тағйиру иловаҳо ҳанӯз омода нест ва гурӯҳи корӣ аз ҳафтаи оянда ба таҳияи матни лоиҳаи тағйиру иловаҳо шурӯъ мекунад.

Аммо ишораи ӯ ба "мутобиқ намудани ин қонунҳо ба қонунҳои дигари амалкунанда" тағйироти охир ба Конститутсия мебошад. Дар райъпурсии рӯзи 22 май ба Конститутсияи Тоҷикистон дар маҷмӯъ 40 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки муҳимтарин банди онҳо ба интихоботи президент ва вакилони Маҷлиси олӣ дахл дошт.

Ин тағйиру иловаҳо дар назари аввал бештар аз ивази калима ва ибораҳо иборат аст. Мисли инки вожаи “Сарқонун” ҳазф шуда, "ҳуқуқи" ба "ҳаққи", "шаҳрвандоне" ба "шахсоне", "муқарраргардида" ба "эълоншуда" ва "сайёҳӣ" ба "туризм" иваз шудаанд. Вале коршиносон гуфтанд, асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, бидуни маҳдудият дар сари қудрат бимонад. Дувум, бар асоси ин тағйирот синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз 35 то 30 поин оварда шуд.

Аммо баръакси ин, синни номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз 25 то 30-сола боло бурда шуд. Дар шарҳи ин тағйирот он замон гуфта мешуд, ки “вакили порлумон шаҳрванди дорои таҷрибаи бештари зиндагӣ, малакаи кориву касбӣ ва фаъолияти сиёсӣ бояд бошад”.

Ҳамакнун дар назар аст, дар матни ин ду қонуни конститутсионӣ, ки аз қонунҳои бунёдии ҷумҳурӣ ба шумор мераванд, тағйироти охири Констиутсия ба инобат гирифта шаванд.

Бино ба иттилои Маҷлиси намояндагон пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президент бо ташаббауси вакилон - Абдураҳим Холиқзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Мавзуна Шарофиддинова сурат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG