Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияи нави марги Роҳат Алиев, домоди собиқи Назарбоев


Роҳат Алиев, яке аз домодҳои собиқ ва сарватманди Нурсултон Назарбоев буд.
Роҳат Алиев, яке аз домодҳои собиқ ва сарватманди Нурсултон Назарбоев буд.

Як мутахассиси олмонӣ мегӯяд, ба бовари вай, Роҳат Алиев, домоди собиқи раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки соли гузашта дар ҷасадашро дар зиндони Австрия ёфтанд, худкушӣ накардааст, балки ӯро куштаанд.

Бернд Бринкман, ки марг дар натиҷаи нафасгириро таҳқиқ мекунад, рӯзи 12-уми декабр гуфт, ки хулосаҳои ташхиси марги Роҳат Алиев, дуруст нест. Вакилони дифои ҳамсари Алиев, ки ҳамроҳ бо мутахассиси олмонӣ дар Вена сӯҳбат мекарданд, гуфтанд, ки мехоҳанд, парвандаи марги домоди раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон аз нав таҳқиқ шавад.

Роҳат Алиев, дар гузашта муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия буд ва ба яке аз мухолифони Назарбоев табдил шуд. Ӯро баъдан ба қатли ду бонкдори қазоқ дар соли 2007 муттаҳам карданд, вале худаш мегуфт, ки иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад. Давлати Австрия ду бор дархости истирдоди Роҳат Алиев ба Қазоқистонро рад кард ва худаш таҳқиқро шурӯъ намуд. Додситонҳо моҳи декабри соли 2014 алайҳи ӯ иттиҳом эълон карданд.

Бернд Бринкман, баъди таҳқиқи натиҷаҳои ташхис ва аксҳои ҷасади Роҳат Алиев, ба ин хулоса расидааст, ки ӯро тавре нафасгир карда куштаанд, ки дар баданаш осори зӯроварӣ ва ё фишор намонад. Роҳат Алиев, баъди ҷудо шудан аз Дариға Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев, дигарбора издивоҷ карда буд.

XS
SM
MD
LG