Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ дубора Палмираро тасарруф кардааст. АКС


Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дубора вориди шаҳри таърихии Палмира дар шарқи Сурия шудаанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, гуфт, ки ДИИШ рӯзи 10 декабр пас аз тасарруфи қисмати шимолии Палмира ин шаҳрро ғасб кард. Аммо давлати Сурия то кунун ин хабарро тасдиқ накардааст. Палмира бори аввал моҳи майи соли 2015 аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” забт шуда ва баҳори имсол ба ихтиёри нерӯҳои давлатии Сурия гузашт. Ин шаҳри таърихӣ, ки ҳоло ба вайронае табдил шудааст, дар феҳристи меросии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шудааст. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи майи соли гузашта шаҳри Палмираро тасарруф намуда, баъд аз чанд муддат маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин ибодатгоҳҳои бостонӣ дар Ховари Миёна маҳсуб мешуд ва маъбади “Баъли Шамин”-ро хароб кард. Сипас ситезаҷӯён чанд осори бостонии дигар, аз ҷумла, се манораи солҳои 44 ва 103-юми милодӣ бунёдшуда ва бинои таърихии “Тоҷи нусрат”-ро, ки дар даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд, тахриб карданд. ЮНЕСКО, Созмони илму маориф ва фарҳанги СММ, тахриби ёдгорҳои таърихии Палмираро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намод ва осори фарҳангии Сурия арзёбӣ карда буд.

Аксҳо аз бойгонӣ:

XS
SM
MD
LG