Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватгари зидди "кофирҳо"-ро 5 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳе дар Оқтеппаи Қазоқистон як сокини маҳаллиро барои даъвати ҳамла ба кормандони мақомоти қудратии ин шаҳр ва "кофирҳо" дар Русия 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ Нурниёз Сарқулови 23-соларо дар барангехтани кинаву адоват ва даъват ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ айбдор донист.

Ин сокини ноҳияи Хобдини Оқтеппа гӯиё моҳи августи соли равон бо мақсади таҳмили ақидаҳои ифротии мазҳабии худ бо ду шиносаш вохӯрда, онҳоро даъват кардааст, то зидди "кофирҳо" муқовимат кунанд. Ҳамчунин дар сар задани ҷанги дохилии Сурия Русияро айбдор кардааст.

Бар пояи ҳукми додгоҳ, ки ҳанӯз ба иҷро надаромадааст, Сарқулов муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG