Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз вазъи озодии баён дар ОМ нигарон аст


Ниша Бисвал
Ниша Бисвал

Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Ниша Бисвал дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ аз вазъи муносибат бо рӯзноманигорон ва расонаҳо дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.

Ба гуфтаи вай, муносибате, ки рӯзноманигорон дар солҳои охир бо он рӯ ба рӯ ҳастанд - боздошту фишор, таъқиб ва ё муносибати бераҳмона дар зиндон - комилан ғайри қобили қабул аст. "Мо аз ин хеле нигаронем", - афзудааст Ниша Бисвал. "Ин суолро мо ҳамеша дар мулоқот бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Туркманистон ба миён мегузорем", - гуфтааст вай.

Боздошти блогнависонро дар Қазоқистон баъди эътирозҳои баҳорӣ Бисвал ҳодисаи "таассуфовар" номидааст.

Қазоқистон шарики муҳим аст ва дар бештари маврид нақши роҳбари минтақаро мебозад, гуфтааст Бисвал. Ба гуфтаи ёвари котиби давлатии ИМА, Қазоқистон бояд талош кунад, ки намуна бошад, ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро риоя кунад.

XS
SM
MD
LG