Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 сол пеш Шӯравӣ расман суқут кард


8 декабр аз имзои созишномаи Беловежск, ки ба мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ хотима гузошт, 25 сол пур мешавад.

Соли 1991 дар ҳамин рӯз раҳбарони Русия, Украина ва Беларусия, Борис Елтсин, Леонид Кравчук ва Станистлав Шушкевич дар мазрааи Вискули Беловежская пуща санади поёни мавҷудияти СССР, ё Иттиҳоди Шӯравиро, ҳамчун ниҳоди ҳуқуқии байналмилалӣ имзо карданд. Банди аввали ин санад таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мутақилро эълон кард. 12 декабри соли 1991 Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ санади Беловежскро тасвиб кард.

Сарфи назар аз ин ки 17 марти соли 1991 бахши умдаи шаҳрвандони Шӯравӣ дар реферундуми умумӣ ба тарафдории Иттиҳод овоз доданд, вале суқути аслии он пештар оғоз шуд. То моҳи декабри соли 1991 ҳамаи 15 ҷумҳурии узви Иттиҳоди Шӯравӣ мустақилияти худро эълон карданд. Бинобар ин имзои созишномаи Беловежск бисёр вақт ҳамчун як расмият арзёбӣ мешавад.

Соли 2005 президенти Русия Владимир Путин суқути Шӯравиро "фоҷеаи бузурги геополитикии асри 20" унвон кард.

Биноба назарсанҷии "Левада, бунгоҳи омӯзиши афкори умум дар Русия, ки дар остонаи солгарди созишномаи Беловежск анҷом шудааст, 56 дар сад аз суқути Шӯравӣ изҳори таасуф кардаанд. Танҳо 12 дар сад гуфтанд, ки мехоҳанд СССР бо шакли қаблияш барқарор шавад.

XS
SM
MD
LG