Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт дар Оқтеппа: "салафиҳо дар дуздии нафт даст доранд"


Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон чанд нафарро бо гумони даст доштан дар дуздии нафт боздошт кард. "Ин гуруҳ ба ҷинояткороне, ки ба дуздии нафт машғул буданд, роҳбарӣ мекард", - омадааст дар хабари кумитаи амният.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо хадамоти зиддикоррупсионӣ ва вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Актюбинск ва вилоятҳои дигар амалиёти боздошти гумонбаронро ба роҳ мондааст.

"Дар ҷараёни амалиёт онҳое, ки дар дуздии нафт гумонбар мешуданд, боздошт ва мошини нафткашашон мусодира шудааст", - омадааст дар хабар.

Моҳи июн дар Оқтеппа чанд ҳамлаи мусаллаҳона рух дод. Мақомоти ин ҳамлаҳоро амали террористӣ номиданд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот чанд ҷангҷӯ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG