Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонсон Эрон ва Саудиро ба ҷанг бо дасти бегонагон муттаҳам кард


Борис Ҷонсон, Вазири хориҷии Британия
Борис Ҷонсон, Вазири хориҷии Британия

Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон Эронро ҳамроҳ бо шарики Британия, Арабистои Саудӣ ва давлатҳои дигари минтақаи Ховари Миёна, ба истифодаи ҷанг бо дасти бегонагон муттаҳам кард.

Нашрияи Guardian навоеро аз конфронси ҳафтаи гузашта дар Рум нашр кардааст, ки дар он Ҷонсон аз сиёсатмадороне ёдовар шуд, ки як мазҳабро ба гунаҳои мухталиф тоб медиҳанд ва суиистифода мекунанд, то ба ҳадафои худ даст ёбанд.

Вазири умури хориҷии Британия гуфт, дар ин минтақа "шахсиятҳои бузург" нест, ки фаротар аз шиаву сунни бираванд, мардумро сарҷамъ кунанд ва таърихи миллиро дубора тавсеа диҳанд. "Набудани инҳо феҷеа аст" - гуфт Вазири Британия ва афзуд, "Ин аст, ки шумо Эрон, Саудӣ ва дигаронро доред, ки дар ҳаракатанд, лухтакҳоро ба бозӣ медароранд ва ҷагро бо дасти бегонагон пеш мебаранд".

Ин навор дар ҳоле пахш шуд, ки нахуствазири Британия Тереза Мэй рӯзи 7 декабр Эронро таҳдиди минтақаи Ховари Миёна унвон кард ва гуфт, ки барои муқовимат бо ин таҳдид ӯ бо давлатҳои Халиҷи Форс ҳамкорӣ мекунад.

Вазорати Хориҷии Эрон дар посух ба изҳороти Тереза Мэй гуфт, "Британия дар мавқее нест, ки дигаронро ба дахолат дар умури минтақа муттаҳам кунад".

XS
SM
MD
LG