Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хаткашонии бидуни иҷозатнома дар Тоҷикистон манъ шуд


Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дар таҳрири нав ба иҷро даромад, ки тибқи он, фаъолияти почта ва ё хаткашонӣ дар кишвар танҳо пас аз гирифтани литсензия иҷозат дода мешавад.

Парлумони Тоҷикистон моҳи гузашта ба ин тарҳ мувофиқат карда буд ва бо нашри ин қонун дар расонаҳои давлатӣ, он аз имрӯз, 7 декабр ба ҳолати иҷро даромад. То ба ҳол фаъолияти почта дар кишвар бидуни муҷаввиз ва ё литсензия амалӣ карда мешуд. Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз почтаи давлатӣ -- "Почтаи тоҷик", инчунин ширкатҳои байналмилалии почта назири DHL ва TNT, фаъол ҳастанд.

Зимнан, тибқи тағйироте, ки ба тозагӣ ба ин қонун ворид карда шуд, ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон аз берун коргар истихдом мекунанд низ, бояд иҷозатномаи ҳаққи фаъолият дар ин самт, дарёфт кунанд. Ин гуна иҷозатнома ба ширкатҳо ба мӯҳлати то 3 сол содир карда мешавад.

Масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтавӣ бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва содир кардани иҷозатнома барои ҷалби нерӯи кори хориҷӣ ба дӯши вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират вогузор шудааст. Дар Тоҷикистон то ба ҳол 61 намуди фаъолиятҳои иҷозатномавӣ вуҷуд дошт ва бо изофа шудани фаъолияти почта, шумораи он ба 62 расид.

Ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тавассути Иттиҳодияи почтаи умумиҷаҳонӣ сурат мегирад. Душанбе аз соли 1994 узви ин созмон аст.

Ба гуфтаи коршиносон, азбаски имрӯз мардум аз телефонҳои ҳамроҳ зиёд истифода мекунанд, ба хизматрасонии почта ниёзи камтар мондааст. Омили дигаре, ки нақши почтаро дар ҳаёти имрӯзаи нафақат Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё камранг кардааст, густариши Интернет мебошад. Интернет зарурати ирсоли номаи катбӣ, ба истиснои мавридҳои расмие, ки ирсоли номаи хаттиро тақозо мекунанд, амалан аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG