Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми 15 нафар барои ҷосӯсӣ ба фоидаи Эрон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Арабистони Саудӣ 15 нафарро бо ҷурми гӯё даст доштан дар ҷосӯсӣ ба фоидаи Эрон ба марг маҳкум кард.

Додгоҳи Риёз ҳамчунин дар ҷаласаи рӯзи 6 декабр 15 ҳукми зиндонро ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 25 сол содир кард ва ду нафарро бегуноҳ баровард.

Ин гурӯҳ ба таҳияи ҳалқаи ҷиноӣ, дар ҳамдастӣ бо хадамоти истихбороти Эрон ва ба ҷониби Эрон додани маълумоти сирии низомии Арабистони Саудӣ муттаҳам шуданд.

Ба гурӯҳи 32 нафараи айбдоршавандаҳо 30 шаҳрванди Саудӣ, аз минтақаи шианишини Ал-Қатиф, як эронӣ ва як афғон шомил буданд.

Онҳо соли 2013 боздошт шуда, додгоҳи онҳо моҳи феврал оғоз шуд.

Ҳукми додгоҳ қобили баррасӣ дар додгоҳи болотар аст.

Салтанати Саудии суннимазҳаб ва Эрони шиамазҳаб аз рақибони асосӣ дар Ховари Миёна ба шумор меоянд.

Моҳи январ, баъди эъдоми рӯҳонии шиа дар Саудӣ ва ҳамлаи тазоҳургарони эронӣ ба намояндагии ин кишвар дар Эрон, Риёз робитаашро бо Техрон қатъ кард.

XS
SM
MD
LG