Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек гирифторӣ ба бемории нафастангӣ дар ҳоли афзоиш аст


Шаҳри Бишкек.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон паҳншавии бемории нафастангӣ дар ҳоли афзоиш аст. Бино бар иттилои мақомоти Бишкек, 3-4 декабр бештар аз 16 ҳазору 98 ҳолати нафастангӣ сабт шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 10 ҳазору 664 бемор сабт шуда буд.

Назорати ҳузури хонандагон дар мактабҳо дар моҳи ноябр нишон додааст, ки беш аз 20 дарсади хонандагони шаҳр дар дарсҳо ширкат накардаанд. Дар робита ба ин мақомоти Бишкек тасмим гирифтаанд, ки то 12 декабр дар мактабҳо таътил эълон кунанд.Дар боғчаҳо ва яслиҳо вазъи беҳдоштӣ санҷида мешавад. Барои риоя накардани вазъи беҳдоштӣ даҳ ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG