Пайвандҳои дастрасӣ

Путин дар бораи анҷоми "бомуваффақияти карйерааш"


Владимир Путин, президенти Русия гуфтааст, ки "мехоҳад карйераи худро бо муваффақият ба поён бирасонад". Вай дар суҳбат бо кормандони корхонаи саноатии "Этерно"-и Челябинск афзудааст, ки баъди рафтан аз вазифаи раҳбарии кишвараш орзуи саёҳат карданро дорад.

"Имрӯз сафарҳои ман ин гуна хулоса мешаванд, ки ба фурудгоҳ меоям ва аз онҷо ба биное меравем ва баъдан боз ба фурудгоҳ бармегардем ва гӯиё куҷое рафтем. Мехостам ба таври дигар сафар кунам, ба тамошои табиат ва маконҳои дидании таърихӣ биравам", - иқтибос овардааст Интерфакс аз суханҳои Путин.

Қаблан Владимир Путин гуфта буд, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар интихоботи президентии 2018-и кишвараш иштирок мекунад ё не. Вай дар суҳбат бо хабаргузории Bloomberg афзуда буд, ки раҳбари ояндаи Русия бояд худро "ҷавону баркамол" эҳсос кунад.

7 октябри соли равон Путин 64-сола шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG