Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷуним соли зиндон барои даъвати ҳамроҳ кардани Қазоқистон ба Русия


Игор Чуприна.

Додгоҳи Петропавлов Игор Чуприн, сокини вилояти Қазоқистони Ҷанубиро барои "барангехтани адовати қавмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва даъвати пайвастан ба қаламрави Русия" 5,5 сол зиндонӣ кардааст. Қаблан додситонӣ барои ӯ на камтар аз 7 соли зиндонро талаб карда буд.

Чуприни 37-сола аз 1 сентябри соли 2014 то 20 майи соли 2015 дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте шарҳҳоеро гузоштааст, ки ба барангехтани хашми корбарону ташаннуҷи иҷтимоӣ сабаб шуда, манбаи маълумоти дорои аломатҳои таҳаммулнопазирии миллӣ гардидааст.

"Мавзуи гузоштаамро зуд ба ҷонибе кашиданд ва ба ман харитаи миллатгароиеро фиристоданд, ки дар он вилоятҳои Русия ба Қазоқистон шомил шудааст. Он замон ман моҳияти иғвоангезонаи маълумоти корбаронро дарк накардам ва ба онҳо ҳамроҳ шудам", - гуфтааст Чуприн зимни ироаи сухани охиринаш дар додгоҳ.

Игор Чуприн ҳарчанд барои ин кораш аз шаҳрвандони Қазоқистон узр хост, вале додгоҳ ӯро бар пояи моддаҳои "Таблиғи нақзи ягонагӣ ва якпорчагии Қазоқистон, дахлнопазирӣ ва таҷзияи давлат" ва "Ҳаракатҳои барқасдонае, ки боиси барангехтани адовати миллӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию иртиботӣ шудааст", айбдор эълон кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG