Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон дар рӯзи интихобот марзашро бо Қирғизистон баст


Ӯзбакистон дар остонаи интихоботи президентӣ, ки 4 декабр сурат гирифт, марзашро бо Қирғизистон баст ва равуои қирғизҳоро маҳдуд кард. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои хадамоти мазкур, марзбонони Ӯзбекистон ҳамтоёни қирғизашонро огоҳ кардаанд, ки аз соати 8.00 субҳи 3 декабр то соати 20.00 рӯзи 5 декабр шаҳрвандони Қирғизистон наметавонанд вориди Ӯзбакистон шаванд. Сар аз шоми 5 декабр равуои шаҳрвандони Қирғизистон ба Ӯзбакистон ба эътидол медарояд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ӯзбакистон пештар гуфта буданд, дар остонаи интихобот марзро ба вижа ба рӯи ҳамсояҳо нахоҳанд баст.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии Ӯзбакистон нисфирӯзии 5 декабр эълон хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG