Пайвандҳои дастрасӣ

Шавкат Мирзиёев бо хонаводааш ба овоздиҳӣ омад


Шавкат Мирзиёев, номзади аслӣ дар ин интихобот, ба қитъаи рақами 132-и Тошканд бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова, ду духтар, писар ва домоду наберагонаш ҳозир шуд.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ ва интихоботи нахустини бе Ислом Каримов дар Узбакистон баргузоршуда эълон гардид. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон, рӯзи 4 декабр гуфт, танҳо то соати дуи рӯзи якшанбе аз 21 миллион афроди қобили раъй 60 дар сад овоз доданд.

Чор довталаби курсии президентӣ дар Узбакистон низ ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Шавкат Мирзиёев, номзади аслӣ дар ин интихобот, ба қитъаи рақами 132-и Тошканд бо ҳамсараш Зироатхон Ҳошимова, ду духтар, писар ва домоду наберагонаш ҳозир шуд. Аммо Мирзиёев дар бораи ҷараёни интихобот ва барномаҳояш шарҳе надод. Натиҷаҳои аввалияи интихобот рӯзи 5 декабр эълон хоҳад шуд.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Узбакистон баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар баргузор мешавад. Каримов рӯзи 2 сентябри имсол дар 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ даргузашт. Бино ба Қонуни асосии Узбакистон ҳукумат дар ихтиёри президент буда, як нафар наметавонад беш аз ду давраи панҷсолӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG