Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"87% иштирок карданд". Поёни интихоботи Узбакистон. ВИДЕО


Интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат ва интихоботи нахустини бе Ислом Каримов дар Узбакистон баргузор ва дари қитъаҳои раъйдиҳӣ баста шуд. Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Кумисюни марказии интихоботи Узбакистон, 4 декабр гуфт, аз 21 миллион афроди қобили раъй 87% оовз доданд. Абдусаломов гуфт, ҷараёни интихоботи Узбакистонро даҳҳо нозири байналмилалӣ мушоҳида намуда ва ҳеҷ шикоят аз мавридҳои қонуншиканӣ нарасидааст. Сергей Лебедев, раиси нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, низ гуфт, ки интихоботи президентии Узбакистон бар асоси меъёрҳои демократия баргузор шуд. Вале бархе аз сокинон дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар минтақаҳо чанд мавриди қонуншиканиро мушоҳида карданд.

Овоздиҳии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Вақте аз ӯ пурсидам, ки чаро ҳизби худро монда, ба таблиғи номзади дигар машғул аст, дар ҷавоб гуфт, чӣ фарқ дорад? Ҳамаи мо як ҳадаф дорем.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Узбакистон баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар, баргузор шуд, ки беш аз 25 соли охир раёсати Узбакистонро бар ӯҳда дошт. Каримов рӯзи 2 сентябр дар 78-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар Тошканд даргузашт. Барои дарёфти курсии холимондаи ӯ чор нафар сабқат карданд. Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон ва намояндаи Ҳизби либерал-демократ, ки аз соли 2003 дар мақоми нахуствазир кор мекунад, аз номзадҳои аслӣ дар ин интихобот гуфта мешавад. Вай рӯзи 8 сентябри имсол, баъди тақрибан як ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов, иҷрокунандаи вазифаи президент интихоб шуд.

Шавкат Мирзиёев бо ҳамсару фарзандон ва наберагонаш ба қитъаи раъйдиҳӣ рафт
Шавкат Мирзиёев бо ҳамсару фарзандон ва наберагонаш ба қитъаи раъйдиҳӣ рафт

Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров - аз Ҳизби сотсиал-демократ номзадҳои дигари интихоботанд. Кетмонов ва Умаров дар интихоботи гузаштаи президентии Узбакистон низ бо Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрда буданд.

Рақиб ё дӯстони Мирзиёев?

Сокинони баъзе аз минтақаҳои Узбакистон гуфтанд, қабл аз шурӯи интихобот натанҳо намояндагони мақомоти давлатӣ, балки намояндагони се "рақиби" Шавкат Мирзиёев низ аз онҳо хостаанд, ки ба тарафдорӣ аз ӯ раъй диҳанд. Онҳо мегӯянд, ин вазъ баёнгари он аст, ки аллакай интихоб болои Мирзиёев сурат гирифта ва мақомот танҳо мехоҳанд бо баргузории маъракаи сиёсӣ ба он либоси қонун пӯшонанд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 3 декабр аз маҳаллаи "Қоратош"-и Тошканд гуфт, фаъолони Ҳизби халқии демократӣ, Эҳёи миллӣ ва сотсиал-демократ ба ҷойи таблиғи номзадҳои худ барномаи кор ва "диски" таблиғотии Мирзиёевро ба онҳо додаанд.

Интизориҳо дар Тоҷикистон аз интихоботи Узбакистон:

Интизориҳо дар Тоҷикистон аз нахустин интихоботи бе Каримов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Кетмонов ва Умаров дар интихоботи гузаштаи президентии Узбакистон низ бо Ислом Каримов вориди рақобат шуда, вале шикаст хӯрда буданд.

"Онҳоро хуб мешиносам. Аз фаъолони Ҳизби халқии демократӣ ҳастанд. Дар вақташ бо ёрии яке аз онҳо рангубори дафтари ин ҳизбро карда будам. Вақте аз ӯ пурсидам, ки чаро ҳизби худро монда, ба таблиғи номзади дигар машғул аст, дар ҷавоб гуфт, чӣ фарқ дорад? Ҳамаи мо як ҳадаф дорем", - нақл кард ин сокини Тошканд.

"Чанд рӯз пеш тарафдори Отамуродов буд"

Намояндаи ситоди интихоботии Ҳизби халқии демократии Узбакистон, ки номзадаш Ҳотамҷон Кетмонов аст, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин кор мушкилеро намебинад. Дар ҳамин ҳол, манобеъ дар вилоятҳои Ҷиззаху Фарғона мегӯянд, фаъолони Ҳизби халқии демократӣ ва Эҳёи миллӣ бо талаби онки дар интихобот аз Шавкат Мирзиёев тарафдорӣ кунанд, ба паси дари онҳо низ омада буданд.

Ҳотамҷон Кетмонов
Ҳотамҷон Кетмонов

​Яке аз сокинони Фарғона гуфт, "ба минтақаи мо муаллимае бо тӯҳфаҳо омад. Ӯ аслан дар ситоди интихоботии Ҳизби эҳёи миллӣ кор мекунад. Вай аз сокинон хост, ки ба тарафдории Шавкат Мирзиёев овоз диҳанд. Дар ҳоле ки дар ҷаласаҳои гузашта мехост, сокинон ба Сарвар Отамуродов раъй диҳанд."

"Фармон аз болост"

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, вақте аз муаллима пурсидаанд, чаро шеваи таблиғашро тағйир додааст, гуфта, ки "фармони болост". Як манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ дар ҳукумати Фарғона ҳарфи сокинонро таъйид карда ва гуфтааст, ҳамаи намояндагон ба минтақаҳо рафта, муваззаф шудаанд, то Шавкат Мирзиёевро таблиғ кунанд. "Мо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Ба одамон сиёсати Шавкат Миромоновичро мефаҳмонем. Ба ин кор намояндагони касбу кори гуногун ҷалб шудаанд. Миёни онҳо намояндагони ҳизбҳои гуногун ҳам ҳаст", - гуфт ӯ.

Сарвар Отамуродов
Сарвар Отамуродов

Ин бори аввал нест, ки тарафдорони се рақиби Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Узбакистон мавқеи худро тағйир медиҳанд. Барои мисол, 18 сентябри имсол узви Ҳизби эҳёи миллӣ, шоир Саломат Вафо гуфта буд, ба тарафдорӣ аз Сарвар Отамуродов раъй медиҳад. Вале баъди ду моҳаш, рӯзи 21 ноябр, бо нашри муроҷиати видеоӣ гуфт, ба Шавкат Мирзиёев овоз хоҳад дод.

"Чаро мавқеамро тағйир додам?"

Вай тағйири мавқеашро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шарҳ дод ва гуфт, "ин интихоби ман аст. Фикрамро баъди он иваз кардам, ки Шавкат Мирзиёев гуфт, номи нависандаи бузург ва ходими давлатӣ Шараф Рашидовро барқарор мекунад. Баъд аз ин, қарор кардам, ки ба ӯ овоз диҳам, на ба Отамуродов."

Таблиғи Сарвар Отамуродов дар яке аз кӯчаҳои Тошканд
Таблиғи Сарвар Отамуродов дар яке аз кӯчаҳои Тошканд

Аз ин пеш, дар интихоботи соли 2000 Абдуҳафиз Ҷалолов, номзади Ҳизби халқии демократии Узбакистон, дар рӯ ба рӯи дастгоҳҳои наворбардорӣ гуфта буд, ки ба Ислом Каримов, яъне ба рақибаш, овоз медиҳад. Дар гузашта дар Тоҷикистон низ чунин ҳолат мушоҳида шуда, боис ба интиқоди зиёд гардида буд. Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихоботи соли 2006 гуфт, ки аз рақибаш, яъне Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят мекунад.

Нафъи "ҳизбҳои кисагӣ"?

Коршиносон мегӯянд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳизбҳои мухолифи муносиби худро сохтаанд ва дар маъракаҳои муҳиме чун интихобот ба нафъашон истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистону Узбакистон дар интихоботҳои гузашта аз ному нерӯи чунин ҳизбҳо истифода намудаанд.

XS
SM
MD
LG