Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Чин ба сӯҳбати Трамп бо мақомоти Тайван


Доналд Трамп

Чин аз гуфтугӯи телефонии Доналд Трамп – президенти мунтахаби Амрико – бо мақомоти расмии Тайван изҳори нороҳатӣ карда, номаи эътирозӣ фиристодааст. Сӯҳбати телефонии Трамп нахустин иртиботи Вашингтон бо мақомоти Тайван дар сатҳи расмӣ дар чанд даҳсолаи охир будааст. Ҳукумати Барак Обама баъди баргузорӣ аз ин сӯҳбат хабардор шудааст. Сӯхангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Нед Прайс гуфт, аммо сиёсати Вашингтон дар баробари Чин тағйир намекунад. Пекин Тайванро як бахши қаламраваш медонад ва мухолифи ҳамагуна иртиботи расмии кишварҳои дигар бо мақомоти ин ҷазира аст. Амрико соли 1979 қонунеро қабул кард, ки ҳамкории иқтисодӣ бо Тайванро иҷоза медиҳад, вале ҳамкории дипломатиро пешбинӣ намекунад. Дар ҳамин ҳол, Доналдт Трамп бо раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашрафғанӣ дар мавриди мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои дуҷониба сӯҳбат кардааст. Тими Трамп гуфт, раҳбарони ду кишвар рӯзи ҷумъаи 2 декабр тамоси телефонӣ доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG