Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрӯро шаш сол пеш кӣ кушт?


Акси Гулрӯ Хайруллоева аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду сокини ҷамоати Шодобаи ноҳияи Ашт хабар дод, ки дар қатли Гулрӯ Хайруллоева дар шаш соли пеш муттаҳам мешаванд. Вазорат рӯзи 2 декабр гуфт, Ҳабибулло Султонов ва додарарӯсаш Элмурод Ботуров соли 2010 ин зани соли таваллудаш 1982 ва соҳиби ду кӯдакро кушта, "ҷасадашро дар обанбори як нуқтаи сӯзишворӣ партофтаанд". Ба иттилои вазорат, то ин вақт Гулрӯ Хайруллоева ба унвони шахсе, ки бедарак шудааст, ҷустуҷӯ мешуд. "Ҳабибулло Султонов бо Гулрӯ Хайруллоева никоҳи шаръӣ дошта, барои халосӣ аз ӯ дар ҳолати мастӣ ҳамроҳи додарарӯсаш вайро ба қатл расондааст", - таъкид шудааст дар хабари расмии ВКД. Ҳоло бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне одамкушӣ алайҳи Султонов ва Ботуров парванда боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG