Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико генерали мустаъфии нерӯҳои дарёгард, Ҷеймс Маттисро раҳбари Пентагон интихоб кард. Номзадии Маттис рӯзи душанбеи 5 декабр ба баррасии Сенати ИМА ворид мешавад.

Генерали мустаъфӣ то соли 2013 дар мақоми раҳбари Фармондеҳии Марказии ИМА дар умури Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ фаъолият дошт. Дар замони ҷанги Афғонистону Ироқ Ҷеймс Маттис ба нерӯҳои дарёгарди пиёданизом раҳбарӣ мекард.

Бинобар қонуни федеролии Амрико сарвари Пентагон то таъинаш ба ин мақом бояд то ҳафт сол аз хадамоти фаъол дур шуда бошад. Бинобар ин, барои тасдиқи номзадии ӯ аз ҷониби Сенат, Конгресс бояд ба қонун тағйирот ворид кунад. Конгресс танҳо як дафъаро дар соли 1950, ҳангоми тайини вазири дифоъ Ҷорҷ Маршал истисно кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG