Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон тамдиди таҳримҳро нақзи созиши ҳастаӣ номид


Washington D.C. U.S. Congress

Теҳрон қарори тамдиди таҳримҳо аз тарафи Конгресси Амрикоро "нақзи созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ" унвон кард, ки соли гузашта ба имзо расид.

"Мо дар ин бора ба кумитаи масъули назорат бар татбиқи созишнома гузориш медиҳем", омадааст дар изҳороти Вазорати хориҷии Эрон, ки аз тариқи телевизион қироат шуд.

Ин изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи гузаштаи 1 декабр Сенати Амрико лоиҳаи таҳримҳо алайҳи Эронро барои 10 соли оняда якдилона тамдид кард.

Палатаи Намояндагони Амрико тарҳи даҳсолаеро, ки ба Амрико иҷозат медиҳад ширкатҳои ҳамкори Эронро таҳрим кунад, тасдиқ кардааст

Тарҳи қонун акнун дар ихтиёри Кохи Сафед қарор мегирад ва ба он бояд президент Обама имзо гузорад.

Мақомоти маъмурияти Барак Обама мегӯянд, онҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки ин тарҳ созиши ҷилавгирӣ аз барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эронро нақз намекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG