Пайвандҳои дастрасӣ

Исми ду вазири блоки иқтисодии Трам эълон шуд


Стивен Мачин

Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе аз таъйини Стивен Мачин ба мақоми вазири молиёт ва Вилбер Росс ба мақоми вазири тиҷорат хабар дод.

Стивен Мачин аз таҷрибаи кор дар сохтори давлатӣ бархурдор нест. Ӯ дар гузашта ба ҳайъати бонки маъруфи сармогузори Goldman Sachs шомил буд, баъдан гурӯҳи бонкии худро таъсис дод ва тарҳҳои Ҳолливудро сармоягузорӣ кард. Ба дороиҳои созандаи ӯ филмҳое мисли Avatar ва American Sniper шомил ҳастанд. Дар маъракаи интихоботии ахир Мачин раҳбари молии ситоди номзади ҳизби Ҷумҳурихоҳ буд. "Ман лаҳзаеро бесаброна интизорам, ки ба татбиқи барномаҳои Трамп, эҷоди ҷойҳои корӣ бо маошҳои баланд ва пуштибони аз коргарони Амрико оғоз кунам"- гуфт Стивен Мачин.

Бонки сармоягузории Вибур Росс солҳо ба бозсохти муассисаҳои бесамар дар соҳаи мухобирот, нассоҷӣ, оҳангудозӣ, ва соҳаи саноати ангишт машғул буд. Ба гуфтаи президенти мунтахаб, "Вилбур медонад, ки бо танзими хафакунандаи давлатӣ чигуна мубориза барад, чӣ тавр ҷойҳои корӣ эҷод кунад, рушди бахши энержиро таъмин кунад, дар ҳоле ки Амрико ба афзоиши қобили мулоҳизаи иқтисод ниёз дорад". Тод Рикетс, иқтисоддони муваффақ ва молики бошгоҳи бейсболи "Chicago Cubs", ноиби Вилбур Росс интихоб шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG