Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Чехия созишномаи парвозҳои ҳавоӣ имзо карданд


Дар ҷараёни мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия дар шаҳри Прага рӯзи 1 декабр Созишнома ҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Дар ин бора сайти президент Эмомалӣ Раҳмон хабар медиҳад. Илова ба ин санад, миёни додситониҳои кулли ду кишвар як ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имзо шуд ва дар зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, додситони куллии Тоҷикистон имзо гузошт. Рӯзи 1 декабр дар қасри президентии Прага мулоқоти расмии президентони Тоҷикистону Чехия - Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан баргузор шуд. Дар остонаи вуруди президент ба қаср гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ, ки аксар тоҷикистонӣ мебошанд, ба нишони эътироз аз сафари Раҳмон ба Аврупо тазоҳурот карданд.

XS
SM
MD
LG