Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русияро тасдиқ кард


Президент Владимир Путин Консепсияи нави сиёсати хориҷии Русияро тасдиқ кард. Матнҳои фармону консепсия дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ чоп шудааст.

Дар баробари таъмини амнияту рушди иқтисодӣ, ба роҳ мондани "муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишварҳои ҳамҷавор", "мусоидат барои бартараф кардани низоъҳо дар қаламрави онҳо" ва "ҳимояти ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва русҳои муқими кишварҳои хориҷ" низ яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии Русия хонда шудааст.

Дар консепсия ҳамчунин дар бораи "аҳамияти ҳуқуқи байналмилалӣ", "зарурати таҳкими нуфузи СММ" ва "коҳиши нақши Ғарб дар умури ҷаҳон" низ гуфта мешавад.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки "муносибат бо Украина бар пояи эҳтироми дуҷониба ва риояи манфиатҳои миллӣ" ба роҳ монда шавад. Дар бораи Қрими ғасбшуда ва низоъҳои Донетску Луганск чизе наомадааст.

XS
SM
MD
LG