Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: амалиёти Туркия дар Сурия "зидди шахсони алоҳида равона нашудааст"


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон мегӯяд, ҳадафи амалиёти низомии нерӯҳояш дар шимоли Сурия - мубориза зидди созмонҳои террористӣ аст. Тавре хабаргузории Reuters менависад, Эрдуғон гуфт, амалиёти "зидди кишвар ва шахсони муайяне" равона нашудааст.

Ибтидои ҳафта дар робита ба ҳадафи амалиёти "Сипари Фурот", ки нерӯҳои турк якҷо бо шӯришгарони Сурия баргузор мекунанд, Эрдуғон гуфт, яке аз ин нерӯҳо "ҳукумати Башор Асадро сарнагун мекунанд". Эрдуғон ҳамзамон Асадро "диктатори золим" номид.

Ин гуфтаҳои Эрдуғон боиси тааҷҷуби Москва шуд. Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, Эрдуғон дар суҳбати телефонӣ бо Путин мавқеашро "рӯшан" кардааст.

Артиши Туркия дар шимоли Сурия ҳанӯз бо нерӯҳои Башор Асад бархӯрди низомӣ накардаанд. Нерӯҳои турк танҳо дар мубориза бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба шӯришгарон ва дастаҳои ҷангии курд кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG