Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Қирғизистон: Пойгоҳи Русия бояд аз ҷумҳурӣ берун шавад


"Пойгоҳи низомии Русия баробари анҷоми муҳлати буду бош бояд аз Қирғизистон "хориҷ" шавад"- гуфт Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон. Отамбоев гуфт, ки Маскав шарики стратегии Бишкек боқӣ мемонад, аммо дар масъалаи низомӣ Қирғизистон ба нерӯи худ такя мекунад.

Раҳбари Қирғизистон ҳамчунин гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин ӯро "дарк" мекунад.

Алмосбек Отамбоев ёдовар шуд, ки қаблан бо дархости кишвар нерӯҳои Амрико аз фурӯдгоҳи Манаси Бишкек хориҷ шуданд.

Пойгоҳи низомии Русия дар фурӯдгоҳи Канти Қирғизистон ҷойгир буда созишномаи таъсиси он соли 2003 барои 15 сол ба имзо расид. Соли 2009 ин қарордод ба муддати 49 тамдид шуд. Русия дар қаламрави Қирғизистон ҳамчунин маркази иртибототии Ситоди аслии нерӯҳои дарёгард, истгоҳи зилзиласанҷӣ ва пойгоҳи санҷиши силоҳҳои навъи торпедо дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG