Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми солонаи Путин ба маҷлиси Федератсиюни Русия


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе барои бори 13-ум бо паёми солона дар маҷлиси Федератсиюн суханронӣ мекунад.

Путин дар оғози суханрониаш интихоботи моҳи сентябр ба Думаи давлатиро одилона номид ва гуфт, ки ҷомеаи Русия ба "авомфиребӣ" ва "популизм" муқовимат кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки давлат "ба ваҳшигарӣ ва нақзи қонун шадидан вокуниш хоҳад кард."

Раиси ҷумҳури Русия бо ёдоварӣ аз садсолагии инқилоби соли 1917 ба қазовати мунсифонаи ин ҳодиса ва истифодаи ин сана ҳамчун асосе барои ягонагӣ ва оштӣ даъват кард.

Рӯзи 29 ноябр сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки тамаркузи суханронии Путин рӯи масоили иҷтимоӣ хоҳад буд ва раиси ҷумҳур бештар аз ҳар вақти дигар ба масоили баналмилалӣ таваҷҷӯҳ мекунад.

Дафтари матбуоти Кремлин қаблан гуфт, ки биноба омодагӣ ба паёми солона сарвари давлат натавонист дар ҷанозаи Фидел Кастро иштирок кунад. Кастро рӯзи 25 ноябр аз дунё гузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG