Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Шарқи Ҳалаб метавонад ба "қабристон" табдил шавад


Ноиби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар масоили башарӣ Стивен О'Брайен гуфт, ки агар талошҳои оҷил барои кӯмак ба аҳолии мулкӣ анҷом нашавад, қисмати шарқии шаҳри Ҳалаб метавонад ба як "қабристони бузург" табдил ёбад.

О'Брайен рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи камбуди ғизо ва маводи тиббӣ дар шаҳри Ҳалаб ва ҳамчунин ҳалокати мардум бар асари тирпаррониҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ сӯҳбат кард.

Дар рӯзҳои ахири баъди ба Ҳалаб, ки дар натиҷаи он нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад шӯришгаронро аз чанд манотиқ берун андохтанд, қисмати шарқии Ҳалабро ҳудудан 25 ҳазор афроди мулкӣ тарк кард. Теъдоди аҳолии шарқи Ҳалаб то оғози ҳамла 250 ҳазор гуфта мешуд.

Дар ҷараёни нишасти Шӯрои Амният кишварҳои Ғарб дубора аз Русия даъват карданд, ки барои қатъи амалиёт дар Ҳалаб ба Башор Асад таъсир расонад. Намояндаи Русия дар СММ ин даъватҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG