Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шакли нави баргузории Ҷоми AFC тавсия шудааст


Кумитаи мусобиқоти Конфедеросиюни футболи Осиё дар як ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, аз мавсими оянда шакли нави баргузории Ҷоми AFC-ро тавсия дод. Мувофиқи ин тавсия, аз соли 2017-ум мусобиқаи аз ҷиҳати моҳият дувуми бошгоҳии Осиё метавонад дар панҷ минтақаи қора аз рӯи муқаррароти минтақавӣ баргузор шавад. Минтақаи ғарбӣ, ки солҳои ахир бартарӣ дорад, бе тағйирот мемонад ва ғолиби он ба ҳаққи ширкат дар финал мушарраф мешавад. Барои роҳхати дигар ба финал ғолибони чаҳор минтақа - АСЕАН, Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқӣ – мубориза мебаранд.

Шакли нави баргузории Ҷоми AFC ба рушди созмонҳои миллии AFC ва болоравии сатҳи бошгоҳҳо мусоидат хоҳад кард. Дар доираи он дастаҳое, ки сатҳашон паст аст, имконият пайдо мекунанд бо бошгоҳҳои инкишофёфта рақобат намоянд ва маҳорати худро баланд бардоранд. Ин тасмими Кумитаи мусобиқотро бояд Кумитаи иҷроияи AFC дар ҷаласаи худ, ки имрӯз, 1-уми декабр, дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, тасдиқ намояд.

Агар шакли нави баргузории Ҷоми AFC тасдиқ шавад, он гоҳ бошгоҳҳои футболи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон) дар як гурӯҳ ҷамъ меоянд. Вале дар ин маврид яке аз ин кишварҳоро ду даста намояндагӣ мекунад. Аз ин гурӯҳ ба даври баъдӣ танҳо як даста роҳ меёбад.

XS
SM
MD
LG