Пайвандҳои дастрасӣ

ИА ва ИМА аз Остона хостанд, то ду фаъоли зиндониро озод кунад


Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ду фаъоли шаҳрвандӣ - Макс Бокаев ва Талгат Аянро, ки баъди иштирок дар эътирозҳои маъруф ба "ислоҳоти замин" боздошт ва баъдан зиндонӣ шуданд, раҳо кунанд. 28 ноябр додгоҳе дар Қазоқистон ин ду фаъоли шаҳрвандиро панҷсолӣ зиндонӣ кард.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки зиндонӣ кардани Бокаев ва Аян "хилофи уҳдадориҳои байналхалқии Қазоқистон аст". Дар ин изҳорот ҳамчунин аз Остона даъват шудааст, ки "озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ"-ҳоро таъмин кунад.

Сафорати Амрико дар Қазоқистон дар навати худ аз мақомоти Остона хостааст, парвандаи ду фаъоли шаҳрвандӣ бозбинӣ шавад.

Сафорати ИМА ҳамчунин гуфтааст, тафсири нодурусти қонунгузорӣ боис мешавад, то эътирозҳои сулҳомез ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ шаванд.

Бокаев ва Аян айбҳои зиддашон эълоншударо рад карда, мегӯянд, парвандаи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG