Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯз мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ эътироф шуд


Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, ки аз 28 ноябр то 3 декабр идома меёбад, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад. Дар ин ҷаласа, инчунин, дархости Тоҷикистону Узбакистон барои ворид кардани оши палав ба феҳристи мазкур баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG