Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ гуфт, "Новая газета" мақолаи қоиқи ҳамсари Сечинро бардорад


Раҳбари ширкати "Ростнефт" Игор Сечин

Раҳбари ширкати "Ростнефт" Игор Сечин

Додгоҳи Маскав талаби раиси ширкати "Роснефт" Игор Сечинро дар бораи аз сомонаи "Новая газета" бардоштани мақола дар бораи қоиқи бодбонии ҳамсари ӯ, ки 100 миллион доллар арзиш дорад, қонунӣ эълон кард. Сечин "Новая газета"-ро барои он ба додгоҳ кашид, ки ба гуфтаи ӯ ин мақола воқеият надорад ва ба обрӯяш латма мезанад. Додгоҳ "Новая газета"-ро муваззаф кард, дар заминаи ин мақола раддия нашр кунад.

Игор Сечин борҳо васоити ахбори умумро ба додгоҳ кашидааст. Ҳафтаи гузашта дар заминаи талаби Сечин сомонаи "Ведомости" мақоларо дар бораи хонаи Сечин дар минтақаи нухбаҳо - Барвиха, воқеъ дар канораҳои Маскав, берун овард. Пеш аз ин, додгоҳ эътирози Сечинро ба Ҳизби коммунист ва хабаргузории "Ростбалт" қонеъ карда буд.

Моҳи декабр баррасии парвандаи Игор Сечин алайҳи шабакаи телевизионии РБК, бо талаби 3 миллиард рубл ҷуброни зарари маънавӣ, идома меёбад.

XS
SM
MD
LG