Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Ним миллион одам дар Мавсил аз об маҳруманд


Ҳамоҳангсози барномаи башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ироқ Лиз Гранд мегӯяд, ҳудуди ним миллион мардуми мулкӣ дар Мавсил ба камбуди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Гранд ин вазъиятро "фоҷиабор" унвон кардааст.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози барномаи башардӯстонаи СММ дар Мавсил аз ҳало маводи ғизоӣ ба сахтӣ пайдо мешавад. Ҳафтаҳои ахир, дар ҷараёни амалиёти таҳкими назорати ҳукумат ба ин шаҳр, шабакаҳои тақсими барқ ва об шадидан хароб шудаанд. Сокинони қисмати шарқии Мавсил аз шабакаҳои обгузар канда буда, акнун аз чоҳҳо об мегиранд.

Рӯзи 17 октябр нерӯҳои давлати Ироқ ва Пешмаргаҳои курд амалиёти ҳуҷум ба Мавсилро, ки аз соли 2014 боз таҳти назорати гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" қарор дорад, оғоз карданд. Аз ҳаво ба ин нерӯҳо эътилофи таҳти назорати Амрико кумак мекунад. Ҳоло шаҳрро ҳудуди 10 ҳазор ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" нигоҳ медоранд. Аз оғози амалиёт беш аз 70 ҳазор нафар онро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG