Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримҳои зидди Русия ба Қирғизистон ҳам таъсир расонидаанд


Агар таҳримҳои кишварҳои ғарб зидди Русия намебуд, иқтисоди Русия ва Қирғизистон вазъи дигар медоштанд. Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков зимни баррасии буҷаи ин кишвар дар порлумон изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи вай, таҳримҳо боиси кам шудани ҳаҷми воридот гардидаанд, зеро шарики асосии Қирғизистон Русия аст. Таҳримҳо ба иқтсоди Русия таъсир расонида, дар навбати худ иқтисоди Русия ба вазъи иқтисодии Қирғизистон асар кардааст.

Жээнбеков афзудааст, ки ҳукумати Қирғизистон дар ҳоли ҳозир барои ба роҳ мондани воридот бо кишварҳои севум гуфтугӯ мекунад. Ба гуфтаи сарвазири Қирғизистон, мушкилоти дигаре садди роҳи иқтисоди ин кишвар будааст. Барои мисол, тоҷирони қирғиз сар аз моҳи август наметавонистанд визаи Чинро дарёфт кунанд. Дар айни ҳол ин мушкилӣ баррасӣ мешавад.

Сардори хадамоти гумруки Қирғизистон дар посух ба суоли ин ки ҳиссаи даромади Қирғизистон аз Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё чи қадар аст, гуфтааст, тибқи пешгӯиҳо дар соли равон 17,9 миллиард сом (муодили тақрибан 1,7 миллиард сомонӣ)-ро ташкил хоҳад дод.

Ҳиссаи даромади Қирғизистон аз маҷмуи даромади Иттиҳоди гумрукӣ 1,9% ташкил медиҳад. Ахиран дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли камшавии воридот ба назар мерасад. Камшавии воридот дар навбати худ коҳиши пардохтҳои гумрукиро дар пай дорад.

XS
SM
MD
LG