Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамла ба донишгоҳи Оҳаёро ДИИШ бар дӯш гирифт


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба Донишгоҳи Оҳаёро бар дӯш гирифт, ки дар он 11 нафар захмӣ шудааст. Дар ин бора созмони SITE Intelligence Group, ки фаъолияти тундгароҳои исломиро дар интернет пайгирӣ мекунад, хабар додааст.

Рӯзи 28 ноябр зодаи Сомалӣ Абдурраззоқ Алӣ Артан мошини худро ба сӯи ҷамъи донишҷӯёни хобгоҳи донишгоҳи Оҳаё ҳаракат дод ва онҳоро пахш кард. Ин мард баъдан бо корд ба донишҷӯён ҳамла бурд ва онҳоро захмӣ кард. Пулис Алӣ Артанро дар ҷойи ҳодиса аз байн бурд.

Артан ҳаққи иқомат дар Амрикоро соли 2014 дарёфт кард ва дар донишгоҳе таҳсил мекард, ки рӯзи 28 ноябр ба донишҷӯёнаш ҳамла бурд. Дар саҳифаҳои Артан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое оиди маҳдудият нашр шудаанд, ки ба гуфтаи Алӣ Артан мусалмонҳои Амрико ба он рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG