Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳоди Аврупо бунёди бисёрмиллиардии дифоӣ таъсис медиҳад


Иттиҳоди Аврупо барнома дорад, ки барои сармоягузории тарҳҳои дифоӣ, бо шумули тарҳи ҳавопаймоҳои бесарнишин, рушди кибер-амният ва технологияҳои кайҳонӣ бунёди махсус таъсис диҳад. Дар ин бора нашрияи "Зудойче Сайтунг"-и Олмон хабар додааст.

Бино ба маълумоти нашрия, Брюссел ин тадобирро дар пасманзари интихоби Доналд Трамп ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико ва ташаннуҷи вазъи амниятӣ рӯи даст гирифтааст. Комиссияи Аврупо ба ин назар аст, ки набуди ҳамкориҳои дифоӣ дар байни кишварҳои узв ҳамасола аз 25 то 100 миллион дорад ҳазина дорад. Пешниҳод шудааст, ки бунёди бисёрмиллиардӣ тарҳҳои муштарак ва бозсохти маҷмааи саноати низомиро сармоягузорӣ кунад.

То интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур Трамп дар бораи коҳиши харҷҳои низомӣ ба шарикони Амрико дар НАТО изҳорот дода буд. Ӯ борҳо аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки саҳми худро дар буҷаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ бештар кунанд.

XS
SM
MD
LG