Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон иддаои сарҳадбонҳои қирғиз дар бораи гӯё ба як минтақаи баҳсӣ ворид шудани марзбонҳои тоҷик ва бидуни асос ба ҳаво тир холӣ кардани онҳоро рад намуданд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, баръакс, аввал марзбонҳои қирғиз ба ҳаво 16 тир кушоданд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нерӯгоҳҳои бузург, назари ҳамсон доранд, аммо масоили марзӣ гоҳ-гоҳ робитаҳои ду кишварро печида мекунад.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи 28 ноябр дар наздикии Бодканд рух дод ва ҷониби Тоҷикистон қазияро мустақилона таҳқиқ мекунад. Ба иттилои ӯ, "марзбонҳои тоҷик ҳангоми хидмат мушоҳида карданд, ки сарҳадбонҳои қирғиз дар қаламравашон мошинеро манъ намуда ва миёни онҳову соҳибони мошин нофаҳмӣ сурат гирифтааст. Ронандаи мошин талош кардааст, ба дохили Қирғизистон равад ва марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ кардаанд. Дар ҷавоб марзбонҳои тоҷик низ ба ҳаво се тири огоҳкунанда сар доданд. Ҳоло вазъият дар марз ором аст ва ду тараф дар рӯҳияи дӯстӣ сарҳадҳоро ҳимоя мекунанд."

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҳодиса касе осеб надида, ду тараф ба хулосае расидаанд, ки дар алоҳидагӣ қазияро таҳқиқ намоянд. Ин изҳороти расмии Тоҷикистон баъди ду рӯзи сар задани ҳодиса расонаӣ шуд.

Борубоева: Сарҳадбонҳои қирғиз тири ҷавобӣ холӣ карданд

Солҳои охир дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон барномаҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мешаванд

Солҳои охир дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон барномаҳои муштараки фарҳангӣ баргузор мешаванд

Аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 28 ноябр эълон кард, ки марзбонҳои тоҷик вориди минтақаи баҳсӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодканд шуда, ба ҳаво тир холӣ карданд. ​Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, гуфт, "сарҳадбонҳои қирғиз низ дар ҷавоб ба ҳаво тир холӣ намуданд."

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъин ва аломатгузорӣ карданд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хатти марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад. Ҷониби Тоҷикистон исрор мекунад, ки таъини хатти марз бо Қирғизистон бояд аз рӯйи харитаи соли 1924 сурат гирад. Дар ҳоле ки пойфишории ҷониби Қирғизистон ба харитаи соли 1989 аст.

Ин ихтилофи назарҳо боис гардид, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Аз ҷанҷолу занозанӣ то тирпарронӣ дар марз

Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он боис ба моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Дар минтақаҳои баҳсии ин марз, махсусан дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф ҳар сари чанд вақт муноқишаҳои ҳатто мусаллаҳона рух медиҳанд.

Аз ҷумла, дар як даргирии моҳи январи соли 2014 дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд. Ин моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

"Ҳамааш хуб, ба ҷуз сарҳад"

Дар моҳи августи ҳамон сол дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт "эътирози қатъии худро" ба Қирғизистон изҳор карда, гуфта буд, дар сурати такрори чунин ҳаводис "ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ раво медонад”.

Тоҷикистону Қирғизистон дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нерӯгоҳҳои бузург, назари ҳамсон доранд, аммо масоили марзӣ гоҳ-гоҳ робитаҳои ду кишварро печида мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG