Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии парвандаи гурӯҳе, ки ба зодаҳои ОМ ҳамла мекард


Додгоҳи Петербурги Русия баррасии парвандаи 19 ҷавонеро шуруъ кардааст, ки 12 июли соли 2013 зидди зодаҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) як қатор ҳамлаҳоро анҷом дода, якеро куштанд. Ҳамлаи овозадори онҳо "Вагони сафед" ном дошт, ки ҷавонон дихили вагонҳои метро шуда, одамонеро, ки намуди зоҳирии ғайриславянӣ доштанд, латтукӯб мекарданд.

Гуруҳи мазкурро соли 2012 як сокини Петербург Андрей Колесников таъсис додааст. Вай дар асл араб ва номаш Ҷамол буда, соли 2002 бинобар доштани назарҳои миллатгароӣ исмашро Андрей гузоштааст. Ҳамаи аъзои гуруҳ дар содир кардани 36 ҷиноят айбдор мешаванд.

Евгений Вишенков, муовини сардори Агентии тадқиқоти журналистӣ мегӯяд, ин гуруҳ бо ҷавонӣ, нодонӣ ва тарсӯияш аз дигарон фарқ мекунад ва онҳо ҳамеша ба одамон дастаҷамъона ҳамла мекардаанд.

Вишенков пушти дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаҳои гуруҳро нодуруст мешуморад. "Вақте сокинон ва меҳмонҳои шаҳр ҳамарӯза тавассути ифротгароён латтукӯб ё ҳатто ба қатл расонида мешаванд, пас ҳақ доранд, ки бубинанд то бо онҳо дар додгоҳ чи гуна муносибат мекунанд", - афзудааст вай.

Аз 19 айбдоршаванда 14 тоашон замони содир кардани ҷиноят ноболиғ будаанд, аз ин рӯ, додгоҳ раванди баррасиро пӯшида элон кардааст.

XS
SM
MD
LG