Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи қисмати аввали роҳи Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон


Бахши нахустини роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон 28 ноябри соли равон бо иштироки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳамтои афғонаш Ашрафғанӣ Аҳмадзай ифтитоҳ шуд. Роҳи оҳани мазкур бояд то шаҳри Андхой давом ёфта, тавассути Кундузи Афғонистон ба Тоҷикистон бирасад. "Афғонистон дар оянда чаҳорроҳаи иқтисодӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад шуд. Ва кишварҳои минтақа низ метавонанд, аз ин имкониятҳо истифода кунанд", - гуфтааст Аҳмадзай.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ дар навбати худ қайд кардааст, ки ифтитоҳи бахши аввали роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон барои Кобул аҳамияти бузург дорад. Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки Туркманистон барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон нерӯяшро дареғ нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG