Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент пешниҳод кард, ки авф эълон шавад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пешниҳод кард, ки зиндониёни кишвараш авф шаванд. Лоиҳаи қонун "Дар бораи авф бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Қазоқистон" ба порлумон ирсол шудааст.

Лоиҳаи қонун озодии қишри осебпазири ҷомеа, ноболиғон, занони ҳомила, занҳое, ки кӯдакони ноболиғ доранд, афроди пирсол, маъюбон, инчунин онҳоеро, ки ҷиноятҳои сабук содир кардаанд, дар назар дорад. Муҳлати зиндони маҳбусони дигар кам карда хоҳад шуд, менависанд расонаҳои қазоқӣ.

Дар ҳамин ҳол, лоиҳаи қонун барои маҳбусоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, сабукиҳо пешбинӣ накардааст. Рӯзи истиқлолияти Қазоқистон 16 декабр таҷлил мешавад.

Дар Қазоқистон ду авфи охир низ ба муносибати истиқлолияти ин кишвар эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG