Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев: Русия дар шарқи Украина беш аз 7 ҳазор аскар дорад


Вазорати дифои Украина мегӯяд, ки теъдоди сарбозони артиши Русия дар дар манотиқи таҳти назорати ҷудоихоҳон ба беш аз 7 ҳазор мерасад. Ба гуфтаи муовини вазири дифоь Игор Долгов Русия дар марзи Украина 55 ҳазор нерӯ дорад.

Биноба маълумоти Киев ҷудоихоҳон дар шабонарӯзи гузашта камаш 40 дафъа низоми оташбасро дар Донбасс вайрон карданд. Дар ин ҳодисаҳо панҷ низомии Украина захм бардошт. Намонядагони ҷумҳурии худгардони Донетск дар навбати худ аз ҳудудан 2 ҳазор тирпарронӣ хабар медиҳанд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо мегӯянд, ки бинобар даргириҳо дастрасӣ ба як қатор минтақаҳо маҳдуд шудааст.

Аз оғози низои мусаллаҳона дар Донбасс 10 ҳазор нафар кушта шудааст. Кишварҳои Ғарбӣ Кремлро дар пуштибонӣ аз ба ном " ҷумҳуиҳои мардумӣ" муттҳам мекунанд. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG