Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ки барномаи ҳамлаи ДИИШ-ро хунсо кардааст


Маҳмуд Алавӣ
Маҳмуд Алавӣ

Раиси хадамоти иктишофии Эрон Маҳмуд Алавӣ гуфт, ки ходимони ӯ барномаи амалиёти террористии ДИИШ дар Теҳронро хунсо кардаанд.

Алави рӯзи 29 ноябр гуфт, ки гӯрӯҳи террористӣ мушаххас ва маҳв шудааст ва мақомот маводи таракнадаро аз ин гурӯҳ мусодира кардаанд. Вазири Эрон дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ва гумонбарони он ҷузъиёт надод.

Алавӣ ҳамчунин гуфт, ки як ҷангии аршади ДИИШ бо номи Абу Айеш Курдӣ дар наздикии марзи Эрон бо Ироқ кушта шуд.

Эрони шиамазҳаб аз душманани асосии террористҳои суннимазҳаби ДИИШ арзёбӣ мешавад. Мақомоти Эрон пайваста аз хунсо кардани барномаҳои ин гурӯҳи тундрав хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG