Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев тарҳи Қонуни афро ба порлумон фиристод


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тарҳи Қонуни афви саросарии бахшида ба 25 солагии истиқололияти кишварашро ба палатаи поёнии порлумон фиристод ва интизор меравад, ки порлумон онро тасвиб мекунад.

Бинобар таҳри Қонуни афв занҳои зиндонӣ, одамоне, ки дар вақти содир кардани ҷиноят ноболиғ буданд, мардҳои зиндонии болотар аз синни 60, маъюбон ва гурӯҳҳои дигар озод мешаванд.

Теъдоди зиндониёне, ки бар пояи ин қонун озод мешаванд, маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки ин рақам эҳтимолан ба ҳазорҳо мерасад.

Қонуни афви қаблӣ соли 2001, бахшида ба 20 солагии истиқлолияти Қазоқистон қабул шуд ва бинобар маълумоти созмони Ҳюман Райтс Вотч ҳудудан 27 ҳазор зиндониро фаро гирифт.

Қазоқистон истиқлолияти худро 16 декабри соли 1991 эълон кард ва аз ҳама охир ба қатори давлатҳои мустақилшудаи собиқ Шӯравӣ шомил шуд.

XS
SM
MD
LG