Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Фаронса ба ташкили нишасти Шӯрои Амният оиди Ҳалаб


Фаронса даъват кард, ки таҳаввулоти атрофи шаҳри Ҳалаби Сурия дар нишасти изтирории Шӯрои Амнияти СММ баррсаӣ шавад.

Вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Марк Эйро рӯзи 29 ноябр гуфт, ки бо назардошти шиддати даргириҳо дар ин минтақа ва афзоиши фоҷеаи инсонӣ "мо бояд тамоми тадобирро ба кор барем, ки даргириҳо хотима ёбанд."

Рӯзи 28 ноябр нерӯҳои ҳукумати Сурия чанд ноҳияи калидиро дар қисмати шарқии шаҳр ба даст оварда ҳазорҳо нафарро ба фирор водор карданд.

Ҳалаб аз замони шӯриши соли 2011 аз шаҳрҳои калидӣ ва истеҳкоми мухолифони президенти Сурия Башор Асад буд ва назорат бар ин шаҳр пешрафти чашмгири ҳукуматро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG