Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду муҳоҷир дар Екатеринбург аз ошёнаи 17-ум афтоданд


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия ду шаҳрванди Узбакистон аз ошёнаи 17-уми сохтмон афтода, ҷон додаанд. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ҳодиса рӯзи 28 ноябр иттифоқ афтода ва таҳқиқи қазия идома дорад. Ин ду шаҳрванди Узбакистон, яке 32 ва дигаре 38 сол дошта, дар сохтмони бинои иборат аз 23 ошёна кор мекарданд. Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ дар Маскав гуфт, дар Русия маргу мири муҳоҷирони узбак дар сохтмонҳо зиёд рух медиҳад.

XS
SM
MD
LG