Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд худро аз Иттиҳоди АвруОсиёи Путин канор кашид


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Узбакистон тасмим надорад, ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил шавад, ки дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон узвияташро доранд. Шавкат Тулаганов, ноиби вазири иқтисоди хориҷии Узбакистон, рӯзи 29 ноябр дар Тошканд ба хабарнигорон гуфт, "бинобар хулосаи коршиносони Узбакистон узвият дар ин Иттиҳод ба Тошканд ягон бартарӣ намеорад ва, баръакс, ҳатто дар баъзе масъалаҳо ба мо осеб ҳам мерасонад."

Ба қавли Тулаганов, ҳамаи номзадҳо ба мақоми президентӣ дар интихоботи 4 декабр гуфтаанд, сиёсати хориҷии онҳо дар самте бунёд хоҳад шуд, ки президенти нахустини кишвар Ислом Каримов муайян кардааст. Марги Ислом Каримов 2 сентябри соли равон эълон шуд ва роҳро барои баргузории интихоботи барвақтӣ боз кард.

Президенти Русия Владимир Путин талош дорад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро барои афзоиши нуфузи Маскав ва муқовимат ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО истифода кунад.

XS
SM
MD
LG