Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоятии шаҳрдори Маскав аз андоз напардохтани муҳоҷирон


Сергей Собянин
Сергей Собянин

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав зимни ҷаласаи умумишаҳрӣ барои пешгирӣ аз ҷинояткориҳо гуфтааст, ки мушкил ҳамоно муҳоҷирони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ба вижа Қирғизистон ҳастанд. Ба иттилои хабаргузории ТАСС, шаҳрдори Маскав афзудааст, шаҳрвандони Қирғизистон муҳоҷирати меҳнатии худро расмӣ намекунанд, андоз намесупоранд ва дар шароити ғайрисанитарӣ ба сар мебаранд. "Мавҷи бузурги муҳоҷироне, ки мутаассифона ба амнияти кишвар намеафзоянд", - изҳор доштааст Собянин.

"Бинобар ин, мо дар якҷоягӣ бо ҳукумати Русия роҳҳои ҳалли ин мушкилро аз тариқи қонунгузорӣ ҷустуҷӯ дорем", - афзудааст ӯ. Собянин аз пулиси Маскав хостааст, то дар якҷоягӣ бо дружинаҳои мардумӣ чорабиниҳои ҳамаҷонибаи худро барои ошкор ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар пойтахти Русия идома диҳанд.

"Бар пояи баҳогузориҳои гуногун, имрӯз беш аз 40%-и муҳоҷирон дар шаҳр ғайриқонунӣ кор мекунанд. Албатта, инҳо афроде ҳастанд, ки дар ҳудуди Маскав кор мекунанд ва камтар аз 90 рӯз дар Русия ба сар мебаранд худро дар қайд намегузоранд", - илова кардааст шаҳрдори Маскав.

Ёдрас мешавем, шаҳрвандони Қирғизистони муқими Маскав гуфта буданд, ки аз 20 сентябри соли равон санҷиши муҳоҷирони бидуни қайд дар пойтахти Русия пурзӯр шудааст. Тавре манобеи ғайрирасмӣ ба онҳо гуфтаанд, ин раванд то 25 декабр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG