Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт ҳамлагари Оқтеппа ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Додгоҳе дар Қазоқистон ҳафт иштироккунандаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Оқтеппаро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тани дигар мутаносибан 25 ва 22 сол зиндонӣ шудаанд. 5 июни соли ҷорӣ афроди номуайян ду мағозаи фурӯши аслиҳаро дар Оқтеппа ғорат ва баъдан ба қисми низомӣ ҳамла карданд. Ҳамлаи ин гуруҳ шикаст дода шуда, 18 ҳамлагар дар ҷои ҳодиса ва дар ҷараёни амалиёти пешгирӣ кушта шуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи мазкур чаҳор сокини осоишта ва се низомӣ низ кушта шудааст. Масъулияти ҳамларо созмоне бо номи "Артиши озодсозии Қазоқистон" ба зимма гирифт, аммо мақомоти Қазоқистон мавҷудияти чунин созмонеро рад мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон ҳамлаи мазкурро ҳамчун "теракт" баҳо доданд. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, аз талоши табадуллоти давлатӣ пешгирӣ кардааст. Мақомот Тохтар Тулешов, соҳибкори қазоқро дар талоши ин табаддулот айбор карданд.

XS
SM
MD
LG