Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарҳод Раҳимов, падари Яҳёи чорсола, аз он хушҳол аст, ки баъди чанд моҳи саргардонӣ тавонист, писарашро дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт ҷойгир кунад. Фарҳод ва ҳамсараш коргаранд, аммо на танҳо ба ин хотир, балки барои рушди зеҳнӣ ва ҳам омода шудан ба мактаб онҳо тасмим гирифтанд, ки Яҳёро ба боғча баранд. Аммо барои ин Фарҳодро зарур омад, чанд моҳ "даводав" кунад.

Ба гуфтаи масъулони маорифи пойтахт, танҳо беш аз 20 дарсади атфоли Душанбе ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанду бас.

"Мо рафта дар шӯъбаи маориф дар навбат истодем. Ҳар ҳафта мерафтем то фаҳмем, ки навбатамон наздик шуд, ё не. Дар ин хел вазъият одам аз кораш мемонад. Агар ин кор тавассути интернет мешуд, беҳтар буд. Ба осонӣ мешуд, дид, ки навбат дар кадом боғча чӣ хел аст", - гуфт Фарҳод Раҳимов рӯзи 29 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Масъулони маорифи шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ҳоло шеваи нави қабули атфол ба кӯдакистонро роҳандозӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, низоми нав электронӣ буда, тартиби дарёфти наздиктарин боғча ва гузоштани тифлон дар кӯдакистонро содда мекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Асҳобиддин Шералӣ, корманди раёсати маорифи Душанбе гуфт, "дар вебсайте, ки ташкил кардем, харитаи интерактивӣ ҳаст ва волидон метавонанд аз тариқи он боғчаҳои наздик ба маҳалли зисти худро пайдо кунанд. Баъдан аризаи электрониро пур карда фиристанду дар навбат истанд. Аз тариқи саҳифаи махсус метавонанд назорат кунанд, ки навбаташон кай мерасад."

Муаллифони барнома бовар доранд, бо ин роҳ мешавад фасод ва миёнаравҳоро аз байн бурд. Дар ҳоли ҳозир ба далели камбуди ҷой дар боғчаҳои шаҳр, маъмулан волидон аз тариқи идораҳои маориф дар ноҳияҳову навбатпойии зиёд ва ё истифода аз роҳҳои дигар мисли пайдо кардани шиносу пардохти маблағи иловагӣ метавонистанд фарзандони худро вориди боғчаҳо кунанд.

Танҳо бист дарсад ба боғча мераванд

Ба гуфтаи масъулони маорифи пойтахт, ҳоло беш аз 20 дарсади атфоли Душанбе ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин хеле кам аст. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди пойтахт дар 119 кӯдакистон, ки 90-тояш боғчаи давлатӣ аст, 26 ҳазор кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Барои ҳалли ин мушкил ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия барои меъёри муайни кӯдакон мақомоти маорифи Душанбе дар соли гузашта як бор тасмим ҳам гирифт, ки дар қабули атфол ба кӯдакистонҳо ба занони коргар имтиёз дода шавад.

Муррабияҳо дар кӯдакистонҳо, ки масъулияти аслии нигоҳубини кӯдак тамоми рӯз ба дӯшашон аст, ҷонибдори инанд, ки қабули кӯдакон пурра аз рӯйи навбат ва бо як меъёри муайян сурат гирад. Бо ин шева онҳо бовар доранд, корашон муассиртар хоҳад буд.

"Дасти ду муррабӣ наметавонад ба беш аз 25 кӯдак бирасад"

София Нуриддинова, муррабии яке аз кӯдакистонҳои шаҳр мегӯяд, “маҳаллаи мо хеле калон аст ва кӯдакони зиёд мехоҳанд ба боғча биёянд. Азбаски теъдоди кӯдакон аз меъёр зиёд мешавад, мо ба волидон мегӯем, рафта дар навбат истед. Бисёрашон норозӣ мешаванд, ҷанҷол мекунанд. Вале як ё ду муррабӣ наметавонад ба беш аз 25 кӯдак пурра бирасад.”

Пешниҳоди шеваи нави қабули кӯдакон ба боғчаҳо аз тариқи навбати электронӣ дар ҳолест, ки бо таваҷҷӯҳ ба камбуди боғчаҳо ва зиёд будани атфол дар кишвар, аксаран волидон аз шарту шароит дар кӯдакистонҳо шикоят мекунанд. Аммо масъулони маорифи шаҳр умед доранд, бо истифода аз барномаи нави электронӣ ва риоя шудани навбати электронӣ аз сӯйи волидон, мушкил дар ин самт то ҷое ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG